Пайвандҳои дастрасӣ

Суханронии муҳими нахуствазири Покистон


Юсуф Ризо Гелонӣ

Юсуф Ризо Гелонӣ

Қарор аст, имрӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон нахустин бор дар ҳузури порлумон доир ба амалиёти маҳви Усома Бен Лодан аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ суханронӣ кунад. Рӯзе пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, зоҳиран Усома бен Лодан дар дохили Покистон аз ҳимояти як навъ шабакае бархудор будааст: "Ба андешаи мо, онҷо дар дохили Покистон шабакае аз Бен Лодан ҳимоят мекард. Аммо мо намедонем, он чӣ гуна шабака ва аз кӣ буд. Мо намедонем, шояд онҷо баъзе аз афроди дохили ҳукумат буданд ва ё берун аз он. Мо бояд ин масъаларо таҳқиқ кунем ва муҳимтар он аст, ки ҳукумати Покистон дар ин бора таҳқиқ кунад." Барак Обама, дар мусоҳиба бо телевизиони Си Би Эси Амрико гуфт, зимни қабули қарор дар мавриди анҷоми амалиёти маҳви Бен Лодан, бештар аз талаф шудани ҷони сарбозони амрикоӣ ва анҷоми амалиёт дар қаламрави Покистони мустақил ба изтироб афтода буд. Усома Бен Лодан, раҳбари шабакаи терористии Ал-Қоидаро рӯзи дуввуми май дар шаҳри Аббатободи Покистон куштанд.

XS
SM
MD
LG