Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон


Маросими таҷлили аз Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе

Маросими таҷлили аз Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе

66-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизми гитлерии Олмон, дар Тоҷикистон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе таҷлил шуд.

Дар ин маросим, ки бо ширкати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалист баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистонро Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Шералӣ Хайруллоев,

Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор шудаанд...

вазири дифоъ ва Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии кишвар ҳамроҳӣ мекарданд.

Ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ бо собиқадорон, раисҷумҳури Тоҷикистон онҳоро итминон дод, ки ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоро ҳамеша дар мадди назар хоҳад дошт.

Дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст.



Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Дар он давраи мудҳиш дар ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад.

Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг ба зидди фашистони олмонӣ фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор шудаанд, ки унвони баландтарин ва мӯътабартарин дар он замон маҳсуб мешуд.

Бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, ҳоло 2 ҳазору 200 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 4 ҳазору 400 собиқадори меҳнат, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаанд, ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG