Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Маскав паради низомӣ баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Маскав ба муносибати 66-ӯмин солгарди хатми Ҷанги ҷаҳонии дуввум паради бузурги низомӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки тақрибан 20 000 сарбоз аз майдони Сурхи Маскав бигазаранд ва президент Дмитрий Медведев ва соири раҳбарони Русия бар он назора кунанд. Баъзе аз дастовардҳои низомии Русия дар парад ба намоиш медарояд. Аз ҷумла, мушакҳои дифои ҳавоии S-400, Искандер-М ва Топол-М аз парад хоҳанд гузашт. Дар ҳоле, ки Русия бӯҳрони иқтисодиро паси сар мекунад, Медведев баъзе интиқодҳоро аз масорифи беҳудаи паради соли ҷорӣ рад кард.
XS
SM
MD
LG