Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти иқтисодии Амрикову Чин дар Вошингтон


Имрӯз мақомоти аршади Амрико ва Чин дар Вошингтон дар чаҳорчӯбаи баррасиҳои ахири миёни ин ду кишвари бузурги иқтисодӣ музокироти дурӯзаи худро оғоз мекунанд. Тимотӣ Гатнер-вазири молия ва Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико сарпарастии ҳайати Амрикоро бар ӯҳда хоҳанд дошт ва зоҳиран Чинро мутмаин хоҳанд сохт, ки арзиши юани худро боло барад. Сарпарастии ҳайати Чинро Ванг Қишан-муовини нахуствазир бар ӯҳда дорад ва ин ҳайат мехоҳад мутмаин бошад, ки 1,2 триллион доллар пули вай дар хазинаи Амрико амн аст. Ин кишвар мегӯяд, нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, ки Амрико чӣ қадр пул қарз хоҳад гирифт, то қарзҳои худро пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG