Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия ба автобуси коргарон ҳамла карданд


Хабаргузории расмии Сурия иттилоъ додааст, ки дар наздикии шаҳри Ҳомс як марди мусаллаҳ аз камин ба автобус ҳамла бурдааст ва 10 нафарро ба қатл расондааст. Онҳо аз коргароне будаанд, ки аз Лубнон бармегаштанд. Мақомоти расмӣ афроди мусаллаҳро муттаҳам кардаанд, ки онҳо аз кишварҳои хориҷӣ ҳимоят мешаванд. Дар Сурия бештар аз шаш ҳафта тазоҳуроти эътирозии зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишвар идома дорад. Аммо гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамлаи наздикии шаҳри Ҳомсро зери суол бурдаанд ва мегӯянд, дар ин минтақа ҳузури артиш ва нируҳои амниятӣ қаввист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG