Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Тунис эътирозгаронро пароканда мекунад


Рӯзи якшанбе полиси Тунис барои парканда сохтани тазоҳуркунандагон дар пойтахти ин кишвар аз гази ашковар истифода кард. Рӯзи чаҳорум аст, ки шумораи зиёди ҷавонон бар зидди ҳукумат ба эътироз бархостаанд. Баъд аз чанд рӯзи хушунатҳо рӯзи шанбе мақомот дар шаҳри Тунис ва атрофи он қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд. Баъд аз шӯриши моҳи январ, ки бо суқути Зайналобиддин Бин Алӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар поён ёфт, дар ин кишвар ҳукумати давраи гузор ташкил шудааст. Ҳамзамон нахуствазири ин кишвар эълон кардааст, ки имкон дорад ба сабабҳои фаннӣ интихобот ба таъхир афтад. Интихобот моҳи июл ба нақша гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG