Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башарро баррасӣ карданд


Армен Арутюнян, намояндаи минтақаии Кумисариёи олии Созмони Милали муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар ҷараёни 4 рӯзи боздиди худ аз Тоҷикистон бо баъзе аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ, Додгоҳи олӣ, Омбудсмен ва ҳамчунин бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ дидору гуфтугӯ кард. Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо масоили вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон, омодагии ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи Гузориши миллӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва ҳамчунин бархе аз барномаҳое, ки Кумисариёи олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар талоши иҷрои онҳост, мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Қарор аст, моҳи октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон гузориши расмии худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро ба Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ пешкаш кунад:
XS
SM
MD
LG