Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Армен Арутюнян ҳангоми дидораш бо Ҳамроҳхон Зарифӣ

Армен Арутюнян ҳангоми дидораш бо Ҳамроҳхон Зарифӣ

Армен Арутюнян, намояндаи минтақаии Кумисариёи олии Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, тайи чаҳор рӯзи иқомат дар Тоҷикистон бо иддае аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ, Додгоҳи олӣ, Омбудсмен ва ҳамчунин бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон, омодагии ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи Гузориши миллӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва низ бархе аз барномаҳое, ки Кумисариёи
Натиҷаҳои ин пажӯҳиш ошкор кардааст, ки тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз сӯи давлат ба иҷро намерасанд. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳукми додгоҳ норозианд, бо вуҷуди дарёфти тавсияҳои СММ натавонистаанд ба кадом тағйироте, ҳатто ҷузъӣ, даст ёбанд...
олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар талоши иҷрои онҳост, мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон Гузориши расмии худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро ба Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ ироа хоҳад кард.

Лилия Захариева, мушовири намояндагии Кумисариёи олии ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, дар мулоқоти маъмури баландмақоми СММ бо масъулини давлати Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ масоили вобаста ба ҳуқуқи башар ва мурооти он ва таҳкими робитаҳои бештар дар ин замина мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.



ТАБЪИЗИ ЗАНОН ВА ШИКАНҶА

Хонум Захариева афзуд, ҷаноби Арутюнян бештар ба омодагии давлати Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи санад дар бораи вазъи ҳуқуқи башар, ки қарор аст, дар моҳи октябри солӣ ҷорӣ дар иҷлосияи махсуси Шӯрои ҳамноми СММ ироа шавад, таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

"Дар ин мулоқот масъалаи омодагии давлати Тоҷикистон барои таҳияи Гузориши расмӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ва низ имкони тасвиби қарордодҳои изофӣ вобаста ба Конвенсияи СММ оид ба табъизи занон ва низ Конвенсияи СММ дар муқобила бо шиканҷа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд",-гуфт ӯ.

Ҳамин манбаъ афзуд, намояндаи Кумисариёи олии ҳуқуқи башари Созмони милал аз ба фаъолият шурӯъ кардани ниҳоди Омбудсмен ва ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

БЕТАВАҶҶӮҲИИ МАҚОМОТ?


Вале ҳамзамон хонум Захариева аз қавли ин намояндаи ҳуқуқи башари СММ гуфт, давлати Тоҷикистон дар мавриди иҷрои бархе аз тавсияҳои СММ дар иртибот ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз сӯи маҳкамаҳояш бетаваҷҷӯҳӣ нишон додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки иҷрои онҳо аз ӯҳдадориҳои давлат маҳсуб мешавад.

Сафари намояндаи Кумисариёи олии СММ оид ба ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ афтод, "Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи башар", як созмони иҷтимоӣ расми муаррифии тадқиқоти худ вобаста ба муроҷиатҳои инфиродии атбои тоҷик ба Кумитаи ҳимояти ҳуқуқи башари СММ-ро дар шаҳриДушанбе доир кард, ки дар кори он ҷаноби Арутюнян
Аммо як тан аз додрасҳои Тоҷикистон гуфт, ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар ин кишвар марҳила ба марҳила анҷом мешавад, ки дар ҷараёни ин раванд тавсия ва таҷрибаи байналмилалӣ ба эътибор гирифта мешавад...
ширкат намудааст.

"ТАВСИЯҲО БА ИҶРО НАМЕРАСАНД"

Сергей Романов, мудири "Маркази мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи башар" ва аз муаллифони тадқиқоти мазкур гуфт, натиҷаҳои ин пажӯҳиш ошкор кардааст, ки тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз сӯи давлат ба иҷро намерасанд. Вай гуфт, бархе аз атбои тоҷик, ки аз ҳукми додгоҳ дар кишвари худ норозианд бо вуҷуди дарёфти тавсияҳои СММ натавонистаанд ба кадом тағйироте, ҳатто ҷузъӣ, даст ёбанд.

Вай афзуд, "дар ҳоли ҳозир аз 29 арзу шикоёти ироашуда аз сӯи атбои Тоҷикистон ба ин кумита расидагӣ ба 21-тои он тамом шудааст. Хулоса ва тавсияҳо дар заминаи ин 21 мавриди муроҷиат ба давлати Тоҷикистон матраҳ шудааст. Аммо то кунун давлат онҳоро ба эътибор нагирифтааст."

Сергей Романов афзуд, давлати Тоҷикистон дар амри иҷрои ин тавсияҳо бо мушкилӣ мувоҷеҳ аст, зеро наҳваи иҷрои пешниҳодҳо дар қонунгузории кишвар пешбинӣ нашудаст.

ПЕШНИҲОДИ МИЗБОНӢ БАРОИ ДУ НИШАСТ

Аммо як тан аз додрасҳои Тоҷикистон гуфт, ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар ин кишвар марҳила ба марҳила анҷом мешавад, ки дар ҷараёни ин раванд тавсия ва таҷрибаи байналмилалӣ ба эътибор гирифта мешавад.

Ин додраси додгоҳ барои мисол аз таълиқи ҳукми эъдом ва ба ихтиёри додгоҳ вогузор кардани иҷоза ва ё санксия ном бурд. Бо ин ҳол тибқи муқаррароти пазируфташуда давлатҳои узви СММ муваззафанд ҳар чаҳор сол як маротиба Гузориши муфассал оид вазъи ҳуқуқи башардар кишварро ба Шӯрои Ҳуқуқи башари ин созмон пешниҳод кунанд.

Лилия Захариева, мушовири намояндагии Кумисариёи олии ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон дархост шуд, то Душанбе мизбонии ду нишаст: дар бораи Омбудсменҳои Осиёи марказӣ ва дар масъалаи муроҷиатҳои инфиродии шаҳрвандон ба СММ-ро, ки аз қабл барномарезӣ кардааст, бар ӯҳда бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG