Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони сиёсӣ дар талоши табаддулот айбдор мешаванд


Мақомоти Баҳрайн 21 тан аз фаъолони сиёсиро дар талоши сарнагун кардани сулолаи подшоҳӣ айбдор намуданд.

14 нафари онҳо, аз ҷумла, ҳафт тан аз фаъолони ҷунбиши шиамазҳабҳо, боздошт шуданд. Парвандаҳои муҷримон ба додгоҳи вижае ирсол шуд, ки масоили марбут ба амнияти давлатиро муҳокима мекунад.

Шурӯъ аз моҳи феврал дар Баҳрайн эътирозҳои оммавӣ бо талаби ислоҳоти сиёсӣ идома карданд. Дар задухӯрдҳо бо мақомоти ҳифзи тартибот ва низомиён беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG