Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Ҳамла ба Қандаҳор интиқом барои марги бин Лоден аст


Дар ҳамла як сокини осоишта кушта шуд

Дар ҳамла як сокини осоишта кушта шуд

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки ҳамлаи ахир ба идораву муассисаҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Қандаҳор шояд интиқоми толибон барои марги раҳбари “Ал-Қоида” бин Лоден буд.

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Қандаҳор, рӯзи шанбе тақрибан даҳ бино, аз ҷумла, бинои ҳукумати маҳаллӣ, қароргоҳи волӣ ва идораи полис ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Дасти кам панҷ таркиши маргталабона рух дод.

Дар ин ҳамлаи густарда ду нафар – як корманди полис ва як сокини осоишта ба ҳалокат расида, тақрибан 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дасти кам шаш тан аз ҳамлагарон кушта шуданд.

Намояндаи "Толибон" гуфт, ҳамла ба Қанаҳор бахше аз амалиёти густардаи баҳорист, ки дар бораи он қабл аз куштори бин Лоден тасмим гирифта шуда буд.
XS
SM
MD
LG