Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди маҳбусону нозирон дар зиндони Бағдод


Шаби гузашта дар маҳбаси Бағдод бар асари бархӯрд миёни маҳбусон ва нозирон, бар пояи иттилоъи манбаъҳои гуногун, аз чаҳор то 16 нафар ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, бенизомиҳо баъди он шурӯъ шуданд, ки чанд тан аз маҳбусон силоҳи нозиронро кашида гирифта, сӯи онҳо оташ кушоданд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса чаҳор афсари полис кушта шуданд.

Хабаргузории Associated Press бо такя ба мақомоти расмӣ ва табибони маҳаллӣ, ки аз ифшои номашон худдорӣ кардаанд, навиштааст, дар ин ҳодиса 16 нафар – шаш корманди полис ва даҳ маҳбус ба ҳалокат расидаанд. Чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG