Пайвандҳои дастрасӣ

Бин Лоден ба "Ал-Қоида" аз Абботобод раҳбарӣ мекард


Акс аз як навори видеоӣ аз бойгонии бин Лоден

Акс аз як навори видеоӣ аз бойгонии бин Лоден

Усома бин Лоден ба фаъолияти шабакаи “Ал-Қоида” аз махфигоҳи худ дар Покистон раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи масъулини хадамоти кашфи Амрико, бойгонии мусодирашудаи бин Лоден баёнгари он аст, ки манзили ӯ дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии “Ал-Қоида” аз он ҷо сурат мегирифт.

Ахиран вазорати дифоъи Амрико панҷ навори аввали видеоӣ аз бойгонии Усома бин Лоденро нашр кард. Дар яке аз онҳо – паёми видеоии раҳбари “Ал-Қоида” ба ҷонибдоронаш сабт шудааст.

Намояндагони хадамоти иктишофӣ мегӯянд, ки дар бойгонии бин Лоден иттилоъи хело пурарзиш маҳфуз аст.

Усома бин Лоден шаби 2 май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG