Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асарҳои филмсозони зиндонии эронӣ дар ҷашнвораи Канн


Ҷаъфар Паноҳӣ ҳоло дар маҳбас аст
Ҷаъфар Паноҳӣ ҳоло дар маҳбас аст
Ба барномаи ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Канни Фаронса офаридаҳои Ҷафъар Паноҳӣ ва Муҳаммад Расулов – ду таҳиягари эронӣ ворид шуданд.

Ин таҳиягарон барои ширкат дар намоишҳои зиддиҳукуматӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли 2009 ба шаш солии маҳбас маҳкум шудаанд ва ҳоло дар зиндонанд.

Асари Паноҳӣ бо номи «Ин филм нест» ба барномаи расмӣ шомил шудааст ва рӯзи 20 май намоиш дода мешавад.

Намоиши филми Муҳаммад Расулов бо номи «То боздид» рӯзи 14 май дар назар аст.

Дар изҳороти кумитаи ташкилии ҷашнвораи Канн гуфта шудааст, ки ин филмҳо ҳамагӣ чанд рӯз ба дасти созмондиҳандагони фестивал расиданд.

Аз ин пештар хабар дода шуд, ки дар ҷашнвораи Канн ба Ҷаъфар Паноҳӣ барои ҷасорат ва мустақилият дар ибрози ақида ҷоизаи Анҷумани синамогарони Фаронса «Каретаи тиллоӣ» супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG