Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои байналмилалии раҳкушоии Тоҷикистон


Бонки исломӣ барои сохтмонӣ роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғар», наздики 19 миллион доллар ихтисос додааст.

Дар ин бора санад миёни вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагии Бонки Исломии Рушд ба имзо расидааст. Бар пояи маълумоти вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи мазкур имкон медиҳад марҳалаи саввуми роҳи «Шоҳон- Зиғар» дар имтидоди шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз, дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом шавад.

ДАР ТАЛОШИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ ИРТИБОТОТӢ

Манобеи ин вазорат мегӯянд, ки роҳи 34 километрии Шоҳон-Зиғар аз роҳҳои душворгузар дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки бо ба истифода додани он, ин кишвар метавонад бидуни мушкил бо ҷаҳони хориҷ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва махсусан Чин барои ҳамеша иртибот дошта бошад.



Зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин роҳ, на танҳо воридоти мол аз хориҷ, ҳамчунин содирот ба хориҷ аз кишвар низ арзон ва осон сурат мегирад. Аз сӯи дигар ин манобеъ мегӯянд, анҷоми бобарори ин роҳ шароит барои пайвастан ба бандарҳои обӣ аз ҷумла Карочии Покистонро фароҳам мекунад.

Давлати Усмон, вазири пешини рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон
Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик ҳарчи зудтар ба итмом расонидани марҳалаи саввум ва ниҳоии роҳи Шоҳон- Зиғарро барои иқтисоди кишвар муҳим ва муассир меҳисобанд.

Давлати Усмон, вазири пешини рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, дарсадии қарзи ҷудошуда аз сӯи Бонки исломии рушд бо таваҷҷӯҳ ба мизони қарзҳои берунаи Тоҷикистон, ки наздик ба чиҳил дар сад аз тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад, зиёд нест. Вале мушкил ин ҷост, ки Тоҷикистон аз ин роҳ чӣ гуна истифода мебарад, дар ҳоле, ки барои содирот ашёи бозоргир надорад.

УМАРОВ: "ИН РОҲ БА НАФЪИ ИҚТИСОДИ КИШВАР АСТ"

Аммо Ҳоҷмимуҳаммад Умаров, донишманди масоили иқтисодӣ масъалаи содирот ва воридот тавассути ин роҳро бо чӣ шароите, ки бошад муфид меҳисобад. Оқои Умаров мегӯяд, ҳатто дар сурати ба таври тронзит истифода шудани ин роҳ, он барои рушди иқтисодии кишвар боаҳамият аст. Ва аз сӯи дигар мегӯяд оқои Умаров, он баҳра ва ё дарсадие, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати бозгардони қарзаш муқаррар кардааст, баланд нест. Вале оқои Умаров мегӯяд, масъала инҷост, ки ин роҳ тавре, ки ба мавозини байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад сохта хоҳад шуд ва ё ин, ки маблағи
Ҳоҷмимуҳаммад Умаров, донишманди масоили иқтисодӣ
ихтисосшуда тавре истифода мешавад, ки роҳ баъди як ё ду сол қобилияти баҳрабардории худро аз даст хоҳад дод.

Бо ин ҳол қарзи ҷудошуда аз сӯи Бонки исломии рушд ба муддати 25 сол пешбинӣ шудааст, ки баъди ҳафт соли имтиёз, солона давлати Тоҷикистон муваззаф аст 2 аз 5 дар сади фоизи онро пас бидиҳад. Масъулони вазорати молияи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки истифодаи ин қарз имкон медиҳад марҳалаи саввуми роҳи «Шоҳон-Зиғар» ба анҷом бирасад ва ин роҳ дар рушди иқтисоди кишвар нақши муҳимеро хоҳад бозид. Ба хусус дар шароите, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон дар ҳар мавриди дилхоҳ интиқоли молу коло аз роҳи оҳан ва роҳи заминӣ ба Тоҷикистонро мушкил ва гарон месозад, пайвастан ба ҷаҳони хориҷ бидуни убур аз қаламрави ин кишвар дорои аҳамияти вижа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG