Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи толибон ба дафтари кори волии Қандаҳор


Имрӯз гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба дафтари волии Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ҳамла карданд.

Бар пояи хабарҳо, дар шаҳр ду таркиш, аз ҷумла, яке дар дар канори дафтари волӣ рух дод.

То соати пеш тирпарронӣ идома дошт ва ҳанӯз рӯшан нест, ки волии Қандаҳор дар дафтари кор аст ё не.

Дар ҳамин ҳол намояндаи дафтари волӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки ҳамлагарон талафоти зиёд додаанд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши «Толибон» бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG