Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушарраф: ИМА мустақилияти Покистонро халалдор кард


Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, Иёлоти Муттаҳидаро барои халалдор кардани мустақилияти кишвар ҳангоми баргузории амалиёт алайҳи Усома бин Лоден танқид кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама мардуми сулҳпарвар аз маҳви Бин Лоден шоданд, вале Покистон наметавонад поймолшавии мустақилияташро нодида бигирад.

Ҳамзамон Мушарраф изҳор намуд, ки Амрико ва Покистон ба хотири аз байн бурдани терроризм бояд якҷоя амал кунанд.

Усома бин Лоден шаби 2 май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG