Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон": Марги Бин Лоден ба рӯҳияи ҷангиён таъсир надорад


Толибони Афғонистон изҳор намуданд, ки ҳалокати Усома бин Лоден онҳоро барои идомаи мубориза бо нерӯҳои хориҷӣ ва ҳукуматӣ такони нав медиҳад.

Дар изҳороти ахиран нашркардаи онҳо омадааст, ки марги раҳбари «Ал-Қоида» ба рӯҳияи ҷангии толибон дар Афғонистон таъсире нахоҳад гузошт.

Аз ин пеш шабакаи «Ал-Қоида» бо нашри иттилоъ дар як сомонаи интернетӣ ҳалокати Бин Лоденро тасдиқ карда буд.

Усома бин Лоден шаби 2 май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG