Пайвандҳои дастрасӣ

Паноҳандагон аз Либия вориди Лампедуза шуданд


Беш аз 800 паноҳанда аз Либия шаби гузашта дар ду киштӣ ба ҷазираи Лампедузаи Италия омаданд. Ба иттилоъи расонаҳои Италия, онҳо дар қароргоҳҳои муваққат ҷойгир карда шуданд.

Рӯзи ҷумъа беш аз ҳазор паноҳанда аз кишварҳои Африқои шимолӣ, ки қаблан вориди ин ҷазира шуда буданд, ба қароргоҳҳои фирориён дар дигар манотиқи Италия интиқол ёфтанд.

Шурӯъ аз моҳи январ ҳазорон сокинони Тунис, Миср ва Либия бар асари нооромиҳо дар кишварҳояшон вориди ҷазираи Лампедуза шуданд. Cокинони ҷазира алайҳи вуруди "меҳмонони нохонда" чанд боз эътироз карданд,
XS
SM
MD
LG