Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия вориди шаҳри Баниёс шуд


Шаби гузашта низомиён ва тонкҳои Сурия аз се самт вориди шаҳри Баниёс шуданд. Дар ин шаҳр чанд ҳафта боз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ идома дорад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, сокинони манотиқи ҷанубии Баниёс аз нерӯи барқ ва хадамоти мухобира бархурдор нестанд.

Дирӯз дар шаҳрҳои гуногуни Сурия бар асари бархӯрди нерӯҳои амниятӣ бо тазоҳургарон дасти кам 26 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи ҷумъа Кохи Сафед ба Димишқ ҳушдор дод, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш дар сурати идомаи куштори намоишгарон алайҳи Сурия аз чораҳои иловагӣ кор мегиранд.

Дар тақрибан ду моҳи идомаи эътирозҳо дар Сурия бар асари саркӯбсозии тазоҳурот беш аз 580 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG