Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, бегоҳи 6-уми май ба анҷом расид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Рита Субово, раиси ин кумита (аз Индонезия) барпо гардид, масоили марбут ба рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа ва ҳамкориҳои Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд.

Хонум Рита ба хабарнигорон гуфт: “Ба мизбонон, бахусус, ба узви кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё Рустами Эмомалӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ менамоям. Бовар дорам, ки пешниҳодоти кумита ба Шӯрои олимпии Осиё барои рушди ҳаракати олимпӣ ва ширкати муваффақонаи варзишгарони қора дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мусоидат хоҳад кард.”



Бояд тазаккур дод, ки ин ҷаласа бо ибтикори Рустами Эмомалӣ, ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе доир шуд. Зимнан, ӯ моҳи ноябри соли 2010-ум дар шаҳри Гуанҷоуи Чин дар ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё узви Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалӣ интихоб гардида буд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё, ки ҳамчунин, аз иншооти варзишии Тоҷикистон дидан карда, бо мавзеъҳои таърихии кишвар ошно шуданд, рӯзи 7-уми май ба кишварҳои худ баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG