Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ӯро дар ғарб зодаи Аҳриман медонистанд, вале барои гурӯҳҳои ифротгарое ӯ шаҳиди роҳи ислом аст.

Ӯро баъзеҳо як пешвои харизматик хондаанд, вале ба гуфтаи Султон Бандар, шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, “ӯ фарди ноӯҳдабарое буд, ки ҳатто ҳашт мурғобиро аз роҳ гузаронида наметавонист”.

Ва ӯ Усома бин Лодин, раҳбари созмони терористии Ал-Қоида, ва шояд шинохтатарин фард дар саёраи Замин аст. Усома бин Лодинро рӯзи дуввуми май нерӯҳои зудамали Амрико дар шаҳри Иббитободи Покистон куштанд ва ба гуфтаи генерали тоҷик Сайидамир Зуҳуров, “ҷаҳонро аз як бало” халос карданд:

“АЗ ЯК БАЛОИ ДУНЁ ХАЛОС ШУДЕМ.”

Ин балои дунё, ки дасташ ба хуни ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ олуда буд, соли 1957 дар як хонаводаи сарватманд дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба дунё омадааст ва фарзанди ягонаи Ҳамида Ал-Аттос, зани чаҳоруми Муҳаммад Бен Ладени милллионер буд, вале 50 хоҳару бародари ӯгай ва нотанӣ аз се ҳамсари дигари падараш дошт.

Аммо зиндагии якҷояи падару модари Усома дер давом накард, ки бо гузашти муддати кӯтоҳе аз таваллуди ӯ онҳо ҷудо шуданд. Вақте ки Усома 10-сола буд, падараш молики як ширкатҳои азими сохтмонӣ, бар асари суқути чархболе, ки халабони амрикоӣ дошт, кушта шуд. Аммо бо шарофати сарвати меросмондаи падараш, Усома зиндагии ороме дошт ва чун дигар хонаводаҳои Саудия ба ҳайси як ваҳҳобии мутааҳид ва зери таъсири ин идеологияи сахтгирона ба воя расид. Ҳанӯз ба 18 норасида, дар синни 17- солагӣ издивоҷ кард ва бо гузашти фурсати кӯтоҳе дар Донишгоҳи Шоҳ Абдулазиз дар шаҳри Ҷидда дар бахши мудирияти иқтисоду тиҷорат ба таҳсил пардохт. Ҷое, ки андешаҳои ифротгароёнаш рушд карданд ва ӯ ба гурӯҳҳои тундрав пайваст.

УСОМА ХИЛОФИ НАСИҲАТИ ПАДАР

Бино ба гузоришҳо, Муҳаммад Бен Лодан ба фарзандонаш насиҳат карда буд, ки ба сиёсат напайвандад ва ягона фарзандаш, ки ба насиҳати падар гӯш надод, Усома буд. Баъди тарки донишгоҳ дар соли 1979 Усома бин Лодин ба мутахассиси суннимазҳаби илоҳиёт Абдулло Иззом пайваст, ки дар ҷанг алайҳи шӯравӣ дар Афғонистон кӯмак мекард ва барои ин чанд вақт дар шаҳри Пешовари Покистон зиндагӣ кардааст. Ҷерролд Пост, профессори донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, ки шахсияти бин Лоданро таҳқиқ кардааст, дар сӯҳбате бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт: “Усома бин Лодин яке аз раҳбарони бисёр ғайримуқаррарӣ аст, ки ман омӯхта ва тайи солҳои зиндагии худ доир ба ӯ навиштаам. Аввалин чизе, ки ба чашм мехӯрад, ин аст, ки ӯ фарзанди як миллионер буд, аммо маълум нест, фарзанди чандум. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар миёни 17 фарзанд ӯ чаҳордаҳумаш буд, баъзеҳо мегӯянд фарзанди 40-ум аз миёни 52 фарзанд. Баъди марги падараш дар синни 10 солагӣ ба ӯ 57 миллион доллар мерос гузошт ва бин Лодин ин сарватро то 300 миллион доллар зиёд кард. “

УСОМА ДАР ХИЗМАТИ ҶИҲОДИ АФҒОНӢ

Ба гуфтаи Ҷеролд Пост, Усома бин Лодин ва Абдулло Иззом баъди таҷовузи шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар соли 1979 барои муқовимат ба шӯравӣ дар соли 1984 гурӯҳи Мактаби Хадамотро таъсис доданд, ки пулу аслиҳа ва ифротгароёни исломиро аз гӯшаҳои дунё ҷамъ карда ва барои ҷанг ба зидди шӯравӣ ба Афғонистон мефиристоданд. Ҷерролд Пост, меафзояд, Усома бин Лодин нахустин мактаби пешвоиашро дар ҳаминҷо омӯхт ва бо вуҷуди
Замони ҷиҳод дар Афғонистон
сарвати зиёд, дар ғору кӯҳу пуштаҳо зиндагӣ мекард ва ба ҳамин шакл нишон медод, ки чӣ гуна бояд пешво буд. Профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон мегӯяд, ба бин Лодину ҷангҷӯёнаш, муяссар шуд, бо аслиҳаи амрикоӣ Шӯравиро маҷбур ба тарки Афғонистон кунанд, ки ин ба ӯ як эҳсоси ифтихор медод. Ҳамчунин гузоришҳое бо такя ба гуфтаҳои таҳлилгарони Ховари Миёна нашр шудааст, ки гӯё дар он солҳо Хадамоти Истихборотии Амрико ба бин Лодин кӯмак мекардааст. Аммо бо хотимаи ҷанг дар Афғонистон, бин Лодин аз Мактаби Хадамот ҷудо шуд ва Ал-Қоидаро таъсис дод, шабакаи терористиро, ки шохаҳояш то ба Тоҷикистон ҳам рафта расид ва шогирдонаш дар кишвар ба қатлу харобкорӣ даст заданд. Ал-Қоида, ба як созмони тарсноки террористӣ табдил шуд, ки аъзои он дар ҷангҳои Алҷазоир, Эритрея, Босния ва Судону Тоҷикистон ширкат доштанд ва ҳадафи раҳбари он ҳам дигар ҷиҳоду таъсиси Хилофати Исломӣ буд ба ҳар роҳу баҳое ки набошад.

МУХОЛИФАТИ УСОМА БО ХОНАВОДАИ ШОҲӢ

Вақте Саддом Ҳусайн, диктатори собиқи Ироқ, баъди ишғоли Кувайт дар соли 1990 ва ба ҳокимони Арабистони Саудӣ таҳдид кард, Усома аз шайхони саудӣ хост, иҷоза диҳанд, то бо муҷоҳидонаш ба онҳо кӯмак кунанд. Аммо раҳбарони Саудия бо огаҳӣ аз ифротитар шудани Усома ин пешниҳодро рад карданд, ки барои ӯ як тавҳини ошкор буд. Баъди ин Усома ба душмани Арабистони Саудӣ табдил шуд ва пойбандии онро ба Амрико ва ҳузури сарбозони амрикоӣ дар қаламрави он кишварро маҳкум кард.

Баъди ронда шуданаш аз Арабистони Саудӣ, ӯ интиқоди ошкор аз ҳукумати
ватанаш ва ҳузури нерӯҳои Амрико дар онҷоро идома дод.Бин Лодин баъди ин соли 1992 ба Судон рафт ва дар онҷо фатво дод, ки куштани мардуми бегуноҳ ба хотири аҳдофи Ал-Қоида гуноҳ нест. Агарчӣ ӯ дониши казоии исломӣ надошт ва мулло ҳам набуд, ки фатво диҳад. Аз ин аст, ки садҳо миллион нафар мусулмонон дар саросари ҷаҳон ба ӯ нафрат доштанд, ки бо қатлу куштор аз номи ислом ба номи ин дин иснод меорад.

УСОМА-- РАМЗИ ТЕРРОРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон: “Бен Лодан, рамзи террори байналмилалӣ буд, ки ҷони инсон барояш арзиш надошт, ӯ фақат мекушт ва хароб мекард. Ӯ аз номи ислом амал мекард, вале ин истеҳзо ба ин мазҳаб ва тамоми динҳои дигар буд.”



Ба гуфтаи ҳамсари аввалаш Наҷва Ғаним, Усома як падари золиму ситамгаре буд, ки фарзандонашро дарс медод, ки чӣ гуна бомбгузори маргталаб шаванд. Наҷва Ғаним, дар китобе таҳти унвони “Ҳамроҳ бо бин Лодин” навиштааст, ки ӯ барои он 11 фарзанд ба дунё овард, ки бин Лодан мегуфт, ислом ба муҷоҳиддини зиёд ниёз дорад. Маҳз дар Судон, Усома бин Лодин, батадриҷ ба душмани ашаддии Амрико ҳам муттаҳидони он табдил шуд. Дар яке аз муроҷиатҳояш бин Лодин чунин мегӯяд: “Бар асоси фармудаҳои Худованд, мо ба бародарони мусулмони худ фатво медиҳем, ки амрикоиҳову муттаҳидонашонро бикушанд, ҳам низомӣ ва ҳам ғайринизомиёнро. Ин вазифаи ҳар як мусулмон аст, ки дар кишваре бошад ва ё битавонад, ин корро кунад. Алайҳи он то замоне мубориза барад, ки ба зулм хотима дода шавад ва адолату имон ва Худо пирӯз шаванд. Мо бо кӯмаки Илоҳӣ аз ҳама мусулмонон, ки ба Худованд бовар доранд ва мехоҳанд подош бигиранд, мехоҳем фармудаҳои ӯро иҷро кунанд ва амрикоиҳоро бикушанд. “

БИН ЛОДИН ДАР МЕҲМОНИИ ТОЛИБОН


Барои иҷрои ин ҳадафҳои худ Усома бин Лодин, бо истифода аз ҳалқаҳои афзояндаи Ал-Қоида ҳамлаҳоеро дар кишварҳои ғарбӣ ва ҳам арабӣ тарҳрезӣ карда ва анҷом дод. Аз ҷумла бомбгузории моҳи декабри соли 1992 дар як меҳмонхонаи боҳашамати шаҳри Адани Яман, бомбгузории нокоми соли 1993 дар маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню Йорк ва ҳамлаи соли 1996 ба манораи Хобар, қароргоҳи низомии амрикоиҳо дар Арабистони Саудӣ кори
дасти Ал-Қоида буд. Баъди ин давлати Судон таҳти фишори Арабистони Саудӣ, Миср ва Амрико бин Лодинро аз қаламраваш ронд ва бин Лодин ба ҷое омад, ки корашро аз онҷо оғоз карда ба буд ба ҳамсоягии Тоҷикистон ва ба Афғонистон. Ба кишваре, ки Толибон бо раҳбараш Мулло Умар ҳокими он буданд. Усома Толибонро бо пул ва ҷангҷӯёни тамриндида кӯмак мекард, то бо меъёрҳои бофтаи исломии худ Афғонистонро идора кунанд. Дар иваз, Толибон ба ӯ дар шаҳри такягоҳи худ, Қандаҳор паноҳгоҳи амн ва ӯрдугоҳ доданд, то навкаронашро тамрин диҳад.

"КОРНОМА"-ҲОИ БИН ЛОДИН

Нигаронии Амрико аз бин Лодин афзоиш меёфт ва баъди бомбгузориҳои хунини сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания, ки 224 нафар аксаран африқоиҳои мусулмонро қурбон кард, ӯро расман ба ин бобмгузориҳо муттаҳам карданд. Сипас Ал-Қоида ҳамлаи маргталабона ба киштии Амрико дар шаҳри Аденро бар ӯҳда гирифт.

Ва баъд дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба бин Лодин муяссар шуд, хунинтарин ҳамлаҳои худро дар Амрико анҷом диҳад. Нуздаҳ аъзои Ал-Қоида дар он рӯз чаҳор ҳавопаймои мусофирбари Амрикоро рабуда дутои онро ба осмонхарошҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар шаҳри Ню- Йорк равона карданд. Ҳавопаймои сеюм дар қароргоҳи Пентагон, вазорати дифоъи Амрико суқут кард. Ҳавопаймои чаҳорум, ки ҳадафи он бинои парлумон ё Кохи Сафед қароргоҳи ҳукумати Амрико буд, дар нимароҳ суқут кард. Дар маҷмӯъ дар ин ҳамлаҳои бесобиқаи террористӣ дар қаламрави Амрико се ҳазор нафар кушта шуданд.

Баъди ин Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида ҷанг бо
террор ва шикори бин Лодинро эълом кард. Агарчӣ дар аввал бин Лодин, даст доштанаш дар ҳамла ба Амрикоро рад кард, вале баъди чанд моҳ навори видеоӣ ёфт шуд, ки дар он бин Лодин бо ифтихор, масъулияти ҳамлаҳои 11- сентябрро бар ӯҳда гирифта ва тарҳрезии онро бо ҷузъиёташ шарҳ медод. Баъди ин Амрико аз Толибон хост, бин Лодинро таслим кунад, аммо посухи рад гирифт ва соли 2001 Толибонро дар Афғонистон сарнагун кард ва бо дастури Созмони Милал, нерӯҳои НАТО-ро дар онҷо мустақар намуд. Ҳатто ваъдаи подоши 25 миллиондолларӣ барои сари бин Лодин ва ҷустӯҷуҳои зиёди ӯ , ҳосиле надоданд ва раҳбари Ал-Қоида тақрибан як даҳсола аз назарҳо пинҳон монд ва танҳо дар наворҳое гоҳ гоҳ пайдо мешуд ба мисли як муроҷиатномаи видеоӣ, ки дар соли 2004 дар он Ҷорҷ Бушро интиқод кард ва бо ҳамлаҳои нав ба Амрико таҳдид намуд.



БИН ЛОДИН АЗ АҲРИМАН ТО ШАҲИД

Бин Лодин бо ҳамлаи 11-уми сентябр ба рамзи террори байналмилалӣ табдил шуд ва ба яке аз ҳадафҳои аслии зиндагиаш, яъне таҳрик додани тундравони исломӣ ва барангехтани таниш миёни мусулмонон ва ғайримусулмонон дар саросари ҷаҳон ноил шуд, ки онро баъзеҳо “бархӯрди тамаддунҳо” хондаанд. Дар бисёре аз кишварҳо баъди марги ӯ хушҳолӣ карданд, аммо дар Покистон ҳатто барои баъзе аз хабарнигорон бин Лодин “шаҳид” буд, иборае, ки дар дигар кишварҳои мусулмонӣ дар ҳаққи бин Лодин истифода намекунанд.

ПИСАРИ БИН ЛОДИН: "ПАДАРАМРО ДӮСТ МЕДОРАМ"


Доир ба хонаводаи ӯ, теъдоди занону фарзандонаш гузоришҳои дақиқ вуҷуд надорад, аммо яке аз фарзандонаш Умар ном дорад, ки ҷойи иқоматашро ба
Умар, писари Усома бин Лодин
касе маълум намекунад. Дар яке аз сӯҳбатҳояш аз Умар пурсиданд, ки падарашро дӯст медорад, ҷавоби ӯ ҳам чунин буд: “Ӯ падари ман аст ва ман ӯро мисли ҳар писаре, ки падарашро дӯст медорад, дӯст медорам. “

Ҳатто Умар ҳам наметавонад, ки гӯри падарашро зиёрат кунад, зеро ҷасади ба кафанпечидаи ӯро ба халтаи сангине андохта ва дар баҳри Араб дафн карданд, ба хотири онки ба зиёратгоҳе барои тундравон табдил меёфт ва ҳам ҳеҷ кишваре ҳозир намешавад, ҷасади меъмори террор ва ё фардеро дар хоки худ бисупорад, ки аксарият ба ӯ нафрат доранд. Агарчӣ Бен Лодан кушта шуд, вале “Ал-Қоида” ва орзуҳои ӯ зиндаанд, орзуҳое, ки пайравонаш дар сар мепарваранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG