Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар боло рафт, қимати нархҳо болотар


Қурби доллар боло рафт, қимати нархҳо болотар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

Бозори асъори Тоҷикистон дар ин авохир ба камбуди шадиди асъори хориҷӣ, бахусус доллар рӯ ба рӯ шудааст. Тайи чанд рӯзи ахир қиммати асъори хориҷӣ аз 5 то 16 сомонӣ афзун шуд ва ҳоло 100 доллари амрикоӣ ба 456 сомонӣ, 100 евро 673 сомонӣ ва 100 рублӣ русӣ бар ивази 16 сомониву 60 дирам харидорӣ мешавад. Саррофон болоравии қурбӣ асъори хориҷиро аз дидгоҳи худ ба афзудани баҳои сузишворӣ ва рӯ ба муҳоҷират ниҳодани мардикорони мавсимӣ бастагӣ медиҳанд. Мутахасисони соҳа низ ба болои ин ду омил як омили муҳими дигар, рушди тиҷорати хурд ва дар хориҷи кишвар харҷ шудани арзи хориҷӣ изофа мекунанд. Боло рафтани қимати доллари амрикоӣ, умдатарин асъори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар баробари болоравии арзиши маводи сӯхт дар кишвар сурат мегирад. Ба гуфти сокинон, ин ҳолат ба бозори маводи ғизои таъсири амиқе гузошта, зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG