Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия эътибори ГБТ бо Либияро зери суол бурд


Сергей Лавров ва Янг Йечӣ дар Маскав

Сергей Лавров ва Янг Йечӣ дар Маскав

Рӯзи ҷумъа Русия изҳори ташвиш кард, ки Гурӯҳи Байналмиллалии Тамос ба ҷои Шӯрои Амнияти СММ дар Либия нақши аслиро дар бӯҳорони ин кишвар бар ӯҳда гирифтааст. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, “Гурӯҳи худсохт”-и кишварҳо аз амалиёти нируҳои хориҷӣ дар Либия ҷонибдорӣ мекунанд. Лавров ин суханонро дар мулоқоташ бо Янг Йечӣ-вазири корҳои хориҷии Чин дар Маскав изҳор дошт. Як рӯз пеш гурӯҳи тамос ба тавофуқ расид, ки барои кӯмак ба шӯришиёни Либия сандуқи кӯмак ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG