Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди марги Бин Лоден ва тазоҳуроти эътирозӣ


Тазоҳуроти эътирозӣ дар Кветтаи Покистон
Тазоҳуроти эътирозӣ дар Кветтаи Покистон
Гурӯҳи нозири Амрико бо номи SITE ё Ҷомеаи иттилооту фановарӣ ва омӯзишии Амрико дар гузориши худ гуфтааст, Ал Қоида дар як сомонаи ҷиҳодӣ марги Усома Бин Лоден –раҳбари худро таъйид кардааст. Дар ин гузориш, ки аз номи Ал Қоида чоп шудааст, ҳамчунин омадааст, ки “дар ояндаи наздик” садои Бин Лоден низ нашр хоҳад шуд, садое, ки чанд ҳафта пеш аз маргаш сабт шуда буд. Ин изҳорот дар ҳеле нашр шудааст, ки нируҳои вижаи Амрико дар Абботободи Покистон дар як амалиёти вижа Бен Лоданро ба қатл расонданд. Ҳамзамон рӯзи ҷумъа дар Абботобод садҳо нафар бар зидди куштори Бен Лоден дар шаҳри Кветта эътироз карданд. Дар Қоҳираи Миср низ тазоҳуроти камҷамъият баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG