Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ дастури бастани дафтари "Пайкон"-ро содир кард


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе даъвои вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Бюрои маслиҳатӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистиро дуруст донист ва имрӯз амр дод, то фаъолияти ин маркази хабарнигорӣ баста шавад. Ин марказ соли 2009 таъсис ёфт ва муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ҳафтаномае, ки акнун мисли муассисаш ба он хатари бастан таҳдид мекунад. “Пайкон”-ро пеш аз ин муассисаи давлатии “Тоҷикстандарт” бо иттиҳоми паст задани эътибораш ба додгоҳ кашид ва аз он 300 ҳазор сомонӣ ҷуброн хост, ҷуброне, ки додгоҳи Тоҷикистон амр додааст, ба “Тоҷикстандарт” пардохт шавад.
XS
SM
MD
LG