Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири роҳ дар бемористони Қарияи Боло даргузашт


Равшан Шарипов-нозири роҳ, ки 28-ӯми апрел дар шаҳри Душанбе ҳангоми иҷрои вазифа аз сӯи ду ҷавон мавриди лату кӯб қарор гирифт, дар бемористони Қарияи Боло аз зарби лату кӯб даргузашт. Ба гуфтаи пизишкон, косахонаи сари Шарипов осеби ҷиддӣ дидааст. Шарипов бо ҳамкораш Толибҷон Қодиров мошини “Мерседес”-ро, ки дар чароғи сурх аз чорроҳӣ гузаштааст, нигоҳ доштаанд ва барои он Шарипов ба таҳияи протокол шурӯъ кардааст, вале ронанда бо ҳамсафараш аз мошин баромадаанд ва Шариповро лату кӯб кардаанд. Раисдагӣ ба ин қазия оғоз шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG