Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон қочоқгарон ба муҷозот кашонда мешаванд


Баъд аз иддао дар ин бора, ки қочоқгарон тавассути марзи миёни Қазоқистону Чин рафту омади озод доранд, Қузӣ Курпеш Карибозов-раиси Хадамоти гумрукии Қазоқистон аз мақомаш барканор шуд. Мурат Жуманбай-сухангӯи полиси молӣ ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, бештар аз 100 нафар узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ боздошт шудаанд. Онҳо ба ҳамлу нақли ғайриқонунии молу коло аз Чин тавассути посгоҳҳои марзии Қурғаз ва Қалжот машғул будаанд. Ба гуфтаи Жуманбай, ҳар рӯз аз ин посгоҳҳои марзӣ аз 100 то 200 мошини ҳомили борҳои қочоқӣ мегузаштаанд. Як рӯз баъд аз ин изҳорот полиси молӣ Бақитбек Қурманалиев-муовини раиси вилояти Оқмулоро боздошт кард. Расидагӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG