Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷабрдидаҳои бозори сӯхта ҷуброн хоҳанд гирифт?


Имрӯз беш аз 200 соҳибкори ҷабрдида аз оташсӯзии бозори марказии ноҳияи Румӣ дар назди ҳукумати маҳаллӣ таҷаммӯъ карданд.Талаби аслии соҳибкорон ҷуброни зарар ва барқарор кардани бозор ё таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар ҷои дигар будааст. Ба иттилои расмӣ, беш аз 170 нуқтаи фурӯш ё дӯконҳои соҳибкорони бозори мавсум ба «Баракат» сӯхта, онҳо ҳазорҳо доллар зарар дидаанд. Дилбар Нурматова-муовини раиси ноҳияи Румӣ мегӯяд, арзу доди тамоми 200 соҳибкори ҷабрдида, ки дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ гирди ҳам омада буданд, аз ҷониби раиси ноҳия шунида шуд: Вай афзуд:

“Дар бозори “Баҳор” ба ононе, ки зарар дидаанд, 2 метрӣ ҷой медиҳанд ва онҳо то се моҳ аз супурдани маблағи иҷора озод хоҳанд буд. Бо бонкҳо ҳам машварат шудааст, ки мӯҳлати қарзи онҳоро дароз кунанд”.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, шумораи ҷабрдидаҳо аз оташсӯзӣ ба 300 нафар наздик буда, беш аз 90 дарсади бозори марказӣ бо сабабҳои то ҳанӯз номуайян хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG