Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба нируҳои вижа изҳори ташаккур мекунад


Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар чанд нафар аз нируҳои вижаи Амрикоро ба ҳузур пазирад, ононеро, ки дар амалиёти маҳви Усома Бин Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида ширкат доштанд. Мақомот мегӯянд, Обама ба нақша гирифтааст, ки шахсан бо гурӯҳи низомиёне, ки амалиёти Абботободи Покистонро анҷом доданд, дар Қалъаи Кампбелли аёлати Кентукӣ мулоқот ва ба онҳо изҳори сипос кунад. Рӯзи душанбе дар амалиёте дар Абботободи Покистон Усома Бин Лоден-тарроҳи ҳамлаҳои террорирстии 11-ӯми сентябри соли 2001 ба Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG