Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис дипломатҳои вафодор ба Қаззофиро ихроҷ мекунад


Фаронса ба 14 дипломати вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия дастур додааст, ки дар зарфи ду рӯз Фаронсаро тарк кунанд. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса гуфтааст, дар Порис дигар мақоми дипломатии ин 14 нафарро эътироф нахоҳанд кард. Фаронса нахустин кишвари хориҷӣ буд, ки Шӯрои Миллии Гузори мухолифони Либияро ба таври расмӣ шинохт ва ду моҳи пеш сафоратхонаи Либияро дар Порис баст. Шӯрои Миллии Гузор бар зидди режими Қаззофӣ дар Либия мубориза мекунад.
XS
SM
MD
LG