Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмиллал ҳабси ҷавони озариро маҳкум кард


Ҷаббор Савалон
Ҷаббор Савалон
Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал бо иттиҳомоти сохта ба зиндон афкандани як фаъоли ҷавонон дар Озарбойҷонро маҳкум кард. Вайро бо иттиҳоми сохтаи “бо худ доштани маводи мухаддир” боздошт карда буданд. Амнести Интернешенал эъломияе пахш ва аз мақомоти Озарбойҷон хостааст, ки Ҷаббор Савалон фавран аз зиндон раҳо шавад. Савалонро ду сол маҳкум ба зиндон кардаанд. Амнести Интернешенал мегӯяд, Савалони 20 сола, ки узви гурӯҳи ҷавонон Ҳизби ҷабҳаи мардумист, зоҳиран барои он муттаҳам кардаанд, ки вай бо истифода аз Facebook мардумро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG