Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милларгарои рус барои куштор ҳабси абад гирифт


Имрӯз додгоҳи шаҳри Маскав як милларгарои шадидро барои куштори фаъоли ҳуқуқи башар ва гузоришгар дар соли 2009 ба ҳабси абад маҳкум кард. Никита Тихонови 31 сола Станислав Маркелов-фаъоли ҳуқуқи башар ва Анастасиа Бабуроваи гузоришгарро ҳадафи тир қарор додааст. Евгения Хасиси 26 сола-дӯстдухтари қотил барои ҳамдастӣ дар ин куштор моҳи январи соли 2009 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Додситонӣ гуфтааст, ҳам қотил ва ҳам дӯстдухтари вай узви гурӯҳи миллатгаро будаанд. Маркелов ва Бабуроваро баъд аз берун омадан аз як нишасти хабарӣ дар рӯзи равшан дар назди истгоҳи метро ҳадафи тир қарор доданд.
XS
SM
MD
LG