Пайвандҳои дастрасӣ

Ғаффор Мирзоев: "Парвандаамро баррасӣ кунед"


Ғаффор Мирзоев (Акс аз бойгонӣ)

Ғаффор Мирзоев (Акс аз бойгонӣ)

Ғаффор Мирзоев ба унвони раиси Додгоҳи олӣ нома навишта, бознигарии парвандаашро тақозо кардааст.

Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги ҷаноби Мирзоев мегӯяд, ду рӯз қабл бо бародараш дар маҳбас мулоқот кардааст ва бо мӯҳтавои ин нома ошноӣ дорад.

"Бародарам дар се маврид айдор дониста шуда ва маҳз барои ин се ҷурм ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Аз ҷумла, вай дар замони раҳбарии Горди президентӣ буданаш барои ворид намудани либоси низомӣ аз Олмон ба таври қочоқ айбдор дониста шудааст. Вале Мирзоев дар номааш мегӯяд, ки ин теъдод либос аз тариқи гумрук гузаронида шудааст ва қочоқӣ намебошад"
,-афзуд ӯ.

"СЕДОЙ" ХОСТОРИ БОЗНИГАРИИ ҲУКМИ ХУД АСТ

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди Миллӣ ва раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон моҳи августи соли 2006 бо ҷароими қасди сарнагунсозии давлат тавассути ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯъиистифода аз мақом ва куштор муҷрим шинохта шуд ва ба ҳабси абад бо мусодираи амвол маҳкум гардид.

Як корманди Шӯъбаи умумии Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки агар номаи Ғаффор Мирзоев ба Додгоҳи олӣ ворид гардад ҳам, ба таври пӯшида дохил шуда, шӯъбаи умумӣ дар ҷараён гузошта нахоҳад шуд.

Ин нома мустақим ба раиси Додгоҳи олӣ ирсол мешавад. Аммо ҳамин номаи Ғаффор Мирзоев ибтидо ба Доситонии кулли Тоҷикистон ирсол шудаст, ки дар посух Додситонии кулл ҳукми Додгоҳи олиро дуруст ва қонунӣ шуморидааст.

Ба қавли Оиша Мирзоева, бародараш Ғаффор Мирзоев аз посухи Додситонии кулл қонеъ нашуда, акнун ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардааст.

ДАР ИНТИЗОРИ “АВФИ ТИЛЛОӢ”

Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев гуфт, ки азбаски таҷлили 20- солагии истиқлоли кишвар наздик аст ва шояд аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “афви тиллоӣ” ҳам эълон шавад, генерал Мирзоев умедвор аст, ки дар парвандаи ӯ ҳам таҷдиди назар сурат гирад.

Бузургмеҳри Равшан гуфт, ки то кунун Ғаффор Мирзоев тамоми зинаҳои қонунии баррасии парвандаашро гузаштааст ва ягона шонси ӯ муроҷиат ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мебошад: «Қонунҳои Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад, ки ҳангоме дар ҳудуди ҷумҳурӣ тамоми зинаҳои ҳуқуқӣ гузашта шавад ва афроде, ки аз қарорҳои судӣ норизо бошанд, онҳо ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кунанд.»

Дар авоили соли равон наздикони Ғаффор Мирзоев ба кумитаи ҳуқуқи СММ муроҷиат карда буданд, вале то кунун ҳеҷ посухе дарёфт накардаанд.

ГЕНЕРАЛҲОИ ЗИНДОНИИ ТОҶИК

Президенти Тоҷикистон дар як суханронии телевизонии худ бо ишора ба генерал Мирзоев гуфта буд, ки як гурӯҳе, ки нону намаки давлатро мехӯрданд, бо ҷамъоварии силоҳ мехостанд табадулоти низомӣ анҷом дода, кишварро дубора ба коми ҷанг бикашонанд. Аксари таҳлилгарон ба ин далел мегӯянд, ҳукми абади Ғаффор Мирзоев бештар тобиши сиёсӣ дорад ва бозбиниаш низ тасмими сиёсии раҳбарони аввали кишварро тақозо мекунад, то танҳо посухи расмии Додгоҳи олӣ ё додситонии кулл ба дархостҳои мукаррари ин генерали зиндониро.

Генерал Ғаффор Мирзоев аз шумули он фармондеҳони аршади Фронти халқист, ки дар роҳи ба қудрат расондани ҳукумати кунунӣ дар поёни соли 1992 саҳми муҳим дошт. Дар ҳоли ҳозир дастикам 3 генерали собиқи тоҷик – Ғаффор Мирзоев, вазири пешини умури дохила Ёқуб Салимов ва раҳбари собиқи ширкати газ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров адои ҳукми зиндон мекунанд. Салимов ба 15 сол ва Искандаров ба 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG