Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА дар Ню-Йорк ба қурбониёни ҳамлаҳои 11/9 адои эҳтиром кард.

Борак Обама рӯзи панҷшанбе дар маҳали бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ, ки дар соли 2001 мавриди ҳамлаи террористии гурӯҳи Ал-Қоида қарор гирифт ва дар ҳудуди се ҳазор кушта бар ҷой гузошт, ҳозир шуд ва бо хонаводаҳои қурбониён дидор кард.

Ҷорҷ Буш, раиси собиқи Амрико се рӯз пас аз ҳамлаҳои 11- уми сентябри соли 2001 ба маҳали ду бурҷи Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк сафар кард ва дар онҷо гуфта буд, касоне, ки ин бурҷҳоро вайрон карданд, дастгир хоҳанд шуд.»



Наздик ба як даҳа тӯл кашид то дар як дидори таърихии дигар аз маҳали ҳамлаҳои террористии 11-уми сентиябр дар Ню-Йорк, Барак Обама дар ин маҳал ҳузур ҳузур ёфта ва бигӯяд ба қавли дода шуда амал шуд.

Барак Обама рӯзи панҷшанбе гуфт, паёми кушта шудани Усома бин Лодин ба ҷаҳон ин аст, ки «вақте мо мегӯем ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, дар ончӣ ки мегӯем, ҷиддӣ ҳастем.»

Барак Обама бо ишора ба ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 гуфт, тааҳҳуди мо ба итминон аз иҷрои адолат, амре аст, ки фаротар аз сиёсатҳо ва ҳизбҳо қарор дорад ва муҳим нест, ки дар Амрико чӣ давлате бар сари кор буда ва чӣ касе масъулиятро бар ӯҳда доштааст. Танҳо амре, ки аҳамият дорад ин аст ки имтинон ёбем адолат дар мавриди муртакибони он ҷинояти ҳавлнок иҷро шудааст.

Оқои Обама ин суханонро дар истгоҳи шумораи 54-и Ню-Йорк баён кард, ки дар ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001, ёзадаҳ тан аз маъмуронаш дар ҷараёни амалиёти имдодрасонӣ ҷон бохтанд.

Ин дидор як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки Барак Обама эълон кард, тасовири ҷанозаи Усома бин Лодин мунташир хоҳанд шуд. Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, иллати чунин тасмимро, ҷилавгирӣ аз «доман задан ба хушунат ва хатарҳои эҳтимолиии ин иқдом барои амнияти миллӣ»-и Амрико эълом кардааст.

Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида рӯзи душанбе дар шаҳри Иббитобод дар шимоли Покистон ба дасти нерӯҳои вижаи амрикоӣ кушта шуд. Ҷанозаи раҳбари Ал-Қоида ба дарё супурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG