Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси иттиҳоди мухолифони Узбакистон дар Олмон


Аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Узбакистон дар ҳамоише дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон иттиҳоди Ҷунбиши мардумии Узбакистонро таъсис доданд. Муассисони эътилофи нав мегӯянд, мақсади онҳо барканории ҳарчӣ зудтари Ислом Каримов аз раёсатҷумҳурии Узбакистон бо роҳи осоишта ва истифода аз сабкҳои эътироз дар Тунису Миср аст. Дар анҷумане, ки аз 2-юм то 4-ми май идома кард, Ҳизби демократии “Эрк”, созмони “Андиҷон – адл ва эҳё”, гурӯҳи “Таянч”, сиёсатшиносони мустақил ширкат доштанд. Онҳо мегӯянд, Каримовро, ки аз соли 1989 ба ин сӯ Узбакистонро бо мушти оҳанин идора мекунад, бо роҳи осоишта барканор хоҳанд кард. Талошҳои гузаштаи мухолифони Узбакистон ба иттиҳод бо нокомӣ поён ёфтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG