Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Тоҷикистон аз бознашри танзҳо ба паёмбари ислом


Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси раҳбари гурӯҳи кишварҳои узв дар Созмони Конфаронси Исломӣ аз эҳтимоли бознашри китобе бо тасиврҳои танзомези паёмабри ислом дар Норвегия изҳори нигаронӣ кардааст. Интизор меравад, интишороти “Капелен Дам” китоби “Ҷабри сукут”-ро аз на ба нашр расонад. Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал бо номае ба Дабири кулли ин созмон Бан Ки-мун ва раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал Йозеф Дайс муроҷиат карда, хостори ҷилвагирӣ аз бознашри тасвирҳои танзомезе шавад, ки дар соли 2005 дар нашрияи “Ҷиляндс-Постен” ба табъ расида, боиси эътирозҳои густарда дар олами ислом шуданд. Дар ин эътирозҳо зиёда аз 150 нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG