Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон нархи бензин рӯ ба болост ва бархе аз ситодҳои маводи сӯхт баста шудаанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯяд, ҳоло нархи бензин дар баъзе минтақаҳо ба 5 сомонию 70 дирам расидааст. Ба ин иллат дар бархе аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ қимати билет афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бахши умдаи фуровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва Русия сар аз якуми май пардохти содиротиро барои Тоҷикистон ба маротиб боло бурдааст.
XS
SM
MD
LG