Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти гурӯҳи тамос бо Либия дар Рум ба поён расид


Фаронса гуфт, дар ҳафтаи наздик хазинае барои кӯмак ба шӯришиёни Либия таъсис хоҳад ёфт. Вазири умури хориҷии Фаронса, Алан Жупе, дар ин бора дар нишасти Гурӯҳи кишварҳои тамоси Либия дар Рум хабар дод. Вай гуфт, барои озод кардани дороиҳои Либия дар хориҷа кори бештар зарур аст. Вазири корҳои берунаи Британия, Вилям Ҳейг ба хабарнигорон гуфт, нишасти Рум фишор ба Либияро вусъат хоҳад дод. Дар Троблус, ҳукумати Либия ин изҳоротро танқид кард ва гуфт, ҷаҳон бояд ба қабилаҳои Либия гӯш диҳад, на ба онҳое, ки дар Рум ҷамъ омадаанд. Сухангӯи ҳукумати Либия, Мӯсо Иброҳим гуфт, ҳама гуна хуруҷи Муаммар Қаззофӣ аз Либия дар ин вазъият аз лиҳози ахлоқӣ ғалат хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG