Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи ду рақиби интихоботии Лукашенко дар додгоҳ


Ду рақиби дигари интихоботии раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко, бо иттиҳоми ташкили эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар моҳи декабри соли гузашта ба додгоҳ кашонад шуданд. Владзимир Някляев ва Витал Римашевскӣ, ки дар интихобот бо Лукашенко рақобат карданд, ба созмон додани аъмоли зидди назми ҷамъиятӣ айбдор мешаванд. Чунин иттиҳом дар Беларус се соли ҳабс ба дунбол дорад. Чандин ширкаткунандаи дигари тазоҳуроти пасоинтихоботии Беларус ба мӯҳлатҳои аз 3 то 4 сол зиндонӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG