Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукути Тоҷикистон дар баробари марги "террористи №1"


Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон, ки худро ҳамеша дар баробари таҳдиди терроризм осебпазир нишон медиҳанд, дар мавриди қатли "террористи рақами аввал", Усома бин Лодин, хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Инак, чаҳор рӯз аз қатли раҳбари созмони террористии "Ал-Қоида" мегузарад, аммо мақомоти ин кишварҳо расман изҳори назар накардаанд.
Амалиёте, ки алайҳи бин Лодин анҷом шуд, айнан ба амалиёти маҳви Алии Бедакӣ дар шарқи Тоҷикистон монанд аст...


Вале чунин хомӯшӣ барои кишваре чун Тоҷикистон, ки аз таҳдиди рӯзафзуни "Ал-Қоида", Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон изҳори нигаронӣ мекард, чӣ маъно дорад?

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сабаби аслии худдории Душанбе аз вокуниш ба қатли бин Лодинро тавзеҳ надод, вале гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша муқобили терроризм ҳаст ва бо кишварҳое, ки алайҳи даҳшатафканӣ набард мекунанд, ҳамкории муассир дорад.



"МАСЪАЛАИ БЕХАТАРИИ КИШВАРҲОСТ"

Фирӯз Саидов
Аммо ба назари бархе аз таҳлилгарон, Тоҷикистон дар таҳаввулоти бузурги ҷаҳонӣ аксаран мунтазири давлатҳои абарқудрат, бахусус Русия менишинад ва танҳо баъд аз он дидгоҳ ва назари худро мушаххас мекунад.

Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, Фирӯз Саидов, хомӯшии мақомоти Тоҷикистонро дар ин шабу рӯз дуруст мешуморад. Ба бовари ӯ, ҳар гуна изҳороти Тоҷикстон метавонад таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои террористиро болои ин кишвар ҷалб кунад, ки ба суди Душанбе нест.

Вай афзуд, "маҳви бин Лоден ба он маъно нест, ки система ва ё ҳаракати "Ал-Қоида" аз байн бурда шудааст. Ин кишварҳо дуруст мекунанд, ки дар бораи кушта шудани бин Лоден ҳарф намезананд ва сару садо баланд намекунанд. Ин ҷо масъалаи бехатарии ин кишварҳо дар мадди назар аст ва инро ман дуруст мешуморам."

АЛИИ БЕДАКӢ ВА БИН ЛОДИН


Таҳлилгарони дигар ҳам масъалаи мазкурро тақрибан ба ҳамин маъно шарҳ медиҳанд. Яъне, барои Тоҷикистони осебпазир шарт ва зарур нест, ки бо нашри баёнияҳои баландсадо дар баробари ангушти гурӯҳҳои террористӣ қарор гирад. Агарчӣ мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, марги бин Лодин ҷои шубҳа надорад, вале камбуди далоил ва бурҳони қотеъ ҳадсу гумонҳоро перомуни марги раҳбари "Ал-Қоида" бештар кардааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон.

Ҳикматулло Сайфуллозода (аз тарафи чап)
Таҳлилгари маркази таҳлилии "Диалог", Ҳикматулло Сайфуллозода, мегӯяд, ки наҳваи қатли бин Лодин ба шеваи маҳви Алии Бедакӣ дар шарқи Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон хеле шабоҳат дорад.

"Амалиёте, ки алайҳи бин Лодин анҷом шуд, айнан ба амалиёти маҳви Алии Бедакӣ дар шарқи Тоҷикистон монанд аст. Вақте эълон медоранд, ки ин шахс дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бо кирдори террористӣ машҳур аст, ин масъала натанҳо мардуми оддӣ, ҳатто коршиносон ва доираҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳониро ба шубҳа мегузорад. Бояд онро собит нишон диҳанд"
,-илова кард ӯ.

"ПАРДАИ АСРОР"

Ба қавли ҷаноби Сайфуллозода, вақте мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Алии Бедакиро дар ҷараёни як амалиёт ба қатл расонидаанд, пас аз пахши наворҳои видеоӣ дар телефонҳои мобил ва дар Интернет, ки саҳнаи бозпурсии ӯро аз сӯи мақомот намоиш медод, воқеияти ин фарзияи расмӣ зери суол рафт.

Бо ин ҳол, дар ин шабу рӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон қатли Усома бин Лодин ва наҳви қатли ӯ яке аз мавзӯъҳои аслии вирди забонҳост.

Қазияе, ки ҳамчунон дар пушти чандин қатор пардаи асрор боқӣ монда, мояи бурузи ривояту тафсирҳои мухталиф дар бораи ин амалиёти пурсарусадои рӯзи дувуми май дар манзили сеқабатаи раҳбари "Ал-Қоида" дар Абботободи Покистон шудааст.
XS
SM
MD
LG