Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни ҳамлаи маргталабона дар Ҳилла


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ ба 20 нафар расид. Дар ин ҳодиса дасти кам 40 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилоъи расмӣ, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба дарвозаи қароргоҳи полис задааст. Аз ин рӯ бахши аъзами қурбониён ва осебдидагон – кормандони ҳифзи тартиботанд. Бинои қароргоҳи полис ва биноҳои атроф хароб шудаанд.

Фақат моҳи гузашта дар Ироқ бар асари ҳамлаҳои гуногун 211 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG