Пайвандҳои дастрасӣ

Салмон Башир робитаи ISI бо "Ал-Қоида"ро рад кард


Салмон Башир

Салмон Башир

Покистон ҳама гуна иттиҳом дар бораи робитаи хадамоти кашфи кишвар бо ҷангиёни “Ал-Қоида”-ро рад мекунад.

Салмон Башир, вазири умури хориҷии Покистон, имрӯз баъд аз пахши ин изҳорот афзуд, ки хадамоти кашфи кишвар ISI ҳамеша иттилоъи муҳими марбут ба терроризмро дар ихтиёри мақомоти иктишофии ИМА мегузошт.

Баъд аз амалиёти маҳви раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” Усома бин Лоден мақомоти Амрико ба боэътимодии Покистон ҳамчун ҳампаймон дар мубориза бо терроризм шубҳа карданд. Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури ИМА дар умури мубориза бо терроризм, гуфт, ки Вошингтон мавзӯъи будубоши тулонии Усома бин Лоден дар қаламрави Покистонро тафтиш мекунад.

Раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” рӯзи 2 май дар шаҳри Абботобод дар амалиёти нерӯҳои зудамали Амрико кушта шуд. Гуфта мешавад, ки бин Лоден тайи панҷ соли ахир дар ин шаҳр ба сар мебурд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, ҳамкорӣ миёни Вошингтону Исломободро муҳим арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG