Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Рум мавзӯъи кӯмак ба шӯришиёни Либия баррасӣ мешавад


Дар шаҳри Рум мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Гурӯҳи байнулмилалии тамос оид ба Либия идома дорад.

Қарор аст, ки дар ин нишаст вазири умури хориҷии Италия Франко Фраттинӣ дар бораи ташкили механизми кӯмаки молиявӣ ба шӯришиёни Шӯрои миллии муваққат иттилоъ диҳад. Аз ин пештар намояндагони Шӯрои муваққат изҳор карда буданд, ки моҳҳои наздик ба яку ним миллиард доллар ниёз хоҳанд дошт.

Имрӯз як киштӣ бо 1300 нафар аз шаҳри Мисурата, ки дар муҳосираи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ қарор дорад, дар бандари шаҳри Бенғозӣ лангар партофт. Бештари мусофирони киштӣ хориҷиён ва афроди маҷрӯҳанд.

Дирӯз бандари Мисурата ҳадафи тирборон қарор гирифта буд. Панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG