Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама аз макони ҳамлаи террористӣ дидан мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз аз макони ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк дидан мекунад.

Қарор аст, ки дар ин ҷо маҳфили ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса дар робита ба маҳви раҳбари “Ал-Қоида Усома бин Лоден баргузор шавад. Бин Лоден масъулияти ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Ню-Йорку Вошингтонро бар дӯш гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол Обама тасмим гирифтааст, аксҳоеро, ки аз Усома бин Лодин баъди қатли ӯ аз сӯи нерӯҳои зудамали амрикоӣ бардошта шудаанд, мунташир накунад.

Ба гуфтаи Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, раисиҷумҳур баъд аз машварат бо раҳбарони сохторҳои амниятӣ ба натиҷае расидааст, ки ин тасвирҳо метавонанд барои ангехтани хушунатҳои зиддиамрикоӣ ва бо ҳадафҳои таблиғотӣ истифода шаванд
XS
SM
MD
LG