Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз оштии миёни гурӯҳҳои фаластинии Фатҳ ва Ҳамос интиқод карда, онро “зарбаи шадиде” ба раванди байни Исроил ва Фаластин номид.

Ӯ дар як изҳорот гуфт, ки "Ховари Миёна такони шадиде хӯрд. Дар ин ҷо мубориза миёни нерӯҳои демокративу мусолиҳакор бо нерӯҳои золиму террористӣ идома дорад. Ман фикр мекунам, ки ҳоло сарнавишти Ховари Миёна, сарнавишти сулҳ дар минтақа ҳал мешавад".

Нетаняҳу афзуд, ки ҷиноҳи Фатҳ бояд миёни ҲАМОС ва Исроил якеро интихоб кунад.

Маросими оштӣ миёни гурӯҳҳои фаластинии ҲАМОС ва Фатҳ дирӯз дар шаҳри Қоҳира баргузор шуд. Дар он раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвари ҲАМОС Холид Машъал ширкат доштанд.

Холид Машъал дар маросими оштӣ, аз ҷумла, гуфт, ки ҳадафи ҳарду гурӯҳ ташкили давлати мустақили Фаластин дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ва Навори Ғазза бо пойтахташ шаҳри Байтулмуқаддас аст.

Ӯ афзуд, ки ягон сантиметр замини Байтулмуқаддасро ба яҳудиҳо нахоҳанд дод ва ҳамчунин аз ҳаққи баргардонидани паноҳандагони фаластинӣ даст намебардоранд.
XS
SM
MD
LG