Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Бишкек аз гузориши комиссиюни байнулмилалӣ


Яке аз маҳаллаҳои шаҳри Ӯш баъд аз низоъи қавмӣ
Яке аз маҳаллаҳои шаҳри Ӯш баъд аз низоъи қавмӣ
Ҳукумати Қирғизистон аз гузориши Комиссиюни мустақили байнулмилалӣ дар робита ба ҳаводиси ҷануби кишвар дар моҳи июни соли гузашта интиқод кард.

Дар изҳороти расмии вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфта шудааст, ки дар шароити маъракаи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ хулосаҳои Комиссиюн метавонанд барои ноором кардани авзоъ дар кишвар истифода шаванд.

Мақомоти Қирғизистон, аз ҷумла, хулосаи Комиссиюн дар бораи гунаҳкор кардани як гурӯҳи қавмӣ ва қурбонӣ арзёбӣ намудани гурӯҳи дигарро ғайри қобили қабул хондаанд.

Бар асари бархӯрдҳо миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон беш аз 400 нафар кушта шудаанд ва, бар пояи гузориши Комиссиюни мустақили байнулмилалӣ, 74 дар сади онҳо ӯзбакҳоянд.
XS
SM
MD
LG