Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти беш аз 300 нафар дар шаҳри Сакбои Сурия


Дар шаҳри Сакбо, воқеъ дар канори Димишқ, пойтахти Сурия, шабонарӯзи гузашта беш аз 300 нафар боздошт шуданд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳафтаҳои ахир дар Сурия беш аз 2800 тан аз мухолифини раисиҷумҳур Башор Асад ба маҳбас интиқол ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки як бахши онҳо баъд аз шиканҷа озод карда шудаанд.

Бар пояи иттилоъи ахир, артиш шаҳри Растон, воқеъ дар шимоли Димишқро муҳосира кардааст. Низомиён ахиран вориди шаҳри бандарии Баниёс шуданд.

Авзоъ дар шаҳри Даръо, ки он ҷо эътирозҳои густурда идома доштанд, нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар тақрибан ду моҳи эътирозҳо дар Сурия дасти кам 560 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомо ба вуруди хабарнигорони хориҷӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар иҷоза намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG