Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси НАНСМИТ бо Оҷонси сохтмон ва меъморӣ


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Оҷонси сохтмон ва меъморӣ аз кормандони НАНСМИТ тақозо намудааст, то утоқҳои корияшонро холӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, онҳо барои истифодаи утоқи иҷораи худ то соли 2013 шартнома дошта, ҳаққи иҷораро ҳам пардохтаанд.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, дар сурати бо гуфтугӯ ҳал нашудани ин мушкил ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд...


Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ, даъвои раиси Оҷонси сохтмон ва меъмориро, ки гуфтааст, бояд онҳо то рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ, утоқҳои кории худро холӣ кунанд, ғайриқонунӣ медонад.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло дар яке аз ошёнаҳои бинои оҷонси "Шаҳрофар", дар наздикии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷой гирифтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, ин бино дар даҳ соли пеш як бинои холӣ ва вайроншудае буд, ки бо пардохти пули иҷораи ин созмон ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ намуди дигар гирифт ва имрӯз мақомот мехоҳанд онро аз худ кунанд.

Раҳбари НАНСМИТ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, рӯзи севуми май - рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов, бо чанде аз тобеони худ ба идораи онҳо омада ва тақозо кардаанд, то утоқҳои кориро холӣ намоянд.

"Агар не, мо ба дари ин утоқҳо мӯҳр мезанем",-гуфтааст раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъморӣ.

То ҳанӯз мақомоти Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон чунин бархӯрди худро шарҳ надодаанд, вале масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мегӯянд, сабаби чунин бархӯрд эҳтиёҷи Оҷонс ба утоқҳои корӣ будааст. Агарчӣ мегӯяд НАНСМИТ, дар ин бино ҳуҷраҳои холии зиёде низ "хобидаанд."

Бо ин ҳол, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, якҷониба бекор кардани шартнома аз сӯи Оҷонси сохтмон ва меъморӣ имкон надошта, танҳо Додгоҳи иқтисодӣ метавонад ба ин баҳс нуқта бигузорад.

Вай афзуд, "чунин вазъият бозгӯи он аст, ки то ҳанӯз мақомдорони тоҷик ҳарф задан бо забони қонунро ёд нагирифтаанд."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG