Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалби сармояи хориҷӣ барои обёрии заминҳои Данғара


Навбати дуввуми обёрии заминҳои ноҳияи Данғара оғоз шудааст. Барои иҷрои ин барномаи давлатӣ наздик ба 16 миллион доллар сармояи давлати Туркия ва Кувайт ҷалб шудааст. Гуфта мешавад, бо обёрӣ шудани чанд ҳазор ҳектор замин дар Данғара, он барои муҳоҷирони дохилии кишвар, ки дар мавзеъҳои хатарзо, мисли сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин водии Рашт, ба сар мебаранд, ихтисос дода хоҳад шуд. Дар навбати севуми обёрии заминҳои Данғара ҷалби сармояи давлати Чин дар назар аст. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ барномаи давлатие вуҷуд доштааст, ки пас аз обёрӣ шудани даҳҳо ҳазор ҳектор замини Данғара, қаламрави ин ноҳия ба ду тақсим мегардад, яъне ноҳияи наве таъсис хоҳад шуд, ки аслан аз муҳоҷирони дохилӣ иборат мешавад.
XS
SM
MD
LG