Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шаҳракҳои нави қадимӣ кашф мешаванд


Гурӯҳи донишмандони олмонӣ ҳангоми пажӯҳишҳои худ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи донишмандони олмонӣ ҳангоми пажӯҳишҳои худ дар Тоҷикистон

Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин ҳамоиши илмӣ зери унвони “Дастовардҳои нав аз гузаштаи Тоҷикистон” баргузор шуд, ки дар он намояндагони доираҳои илмӣ, пажӯҳишгарону бостоншиносон ширкат доштанд.

Доктор Саид Мӯҳсин Мир Муҳаммад Маккӣ ва Йоахим Шефер-бостоншиносон аз донишгоҳи Гумболдти Берлин аз созмондиҳандагон ва суханронони аслии ин нишасти илмӣ буданд.
Дар чанд марҳилаи таърихӣ аз даврони қабл аз биринҷӣ ин масоил дар Тоҷикистон кашф нашудааст. Шаҳракҳои он замон аслан пайдо нашуда буд. Вале гӯрҳои онҳо, қабристонҳои онҳо буд...


Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо доктор Мир Муҳаммад Маккӣ пурсидем, ки дар ин ҳамоиш донишмандони олмонӣ чӣ масъалаҳоро матраҳ ва баррасӣ карданд?

Доктор Маккӣ: "Се масъаларо матраҳ кардем. Масъалаи аввал ин буд, ки аз нигоҳи техникӣ чӣ тавр одам метавонад бо равишҳои ҷадиди ҷуғрофӣ ва илми ҷадиди ҷуғрофӣ дар заминаи бостоншиносӣ бидуни он ки одам ба минтақа равад, аз тариқи моделсозӣ ҷойҳои таърихиро пайдо кунад. Ин равишҳо ва ин техникҳои ҷадидро дар мисоли атрофи шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Гелот дар устони Хатлон дар ҳамоиш ба намоиш гузоштем. Заминаи дуввуми таҳқиқоти мо ин буд, ки пайдоиши зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр будааст. Яъне аз 140 ҳазор сол пеш то асри навсангӣ ва асри сангин ва даврони асри биринҷӣ, ки чӣ чизҳое пайдо шудааст, намунаҳо чӣ будааст ва натиҷаҳои ин таҳқиқот барои илми бостоншиносӣ ва барои Тоҷикистон чӣ будааст."

Суол: Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин бо Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расондаанд. Мумкин аст, бигӯед, ки ин қарордод чӣ ҳамкориҳоро дар бар хоҳад гирифт?

Доктор Маккӣ: "Мо аз тарафи донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, Институти ҷуғрофӣ дар ду замина бо Тоҷикистон тамоюл ба ҳамкорӣ дорем. Яке дар заминаи бостоншиносӣ бо Фарҳангистони улум дар Душанбе ва яке бо донишкадаи ҷуғрофӣ дар донишгоҳи Душанбе. Дар ин ду замина қарордодҳо имзо шудаанд. Дар ояндаи наздик мо бар асоси кори дусолае, ки дар Тоҷикистон кардем, мехоҳем дар қисмати ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи шаҳракҳои қадимӣ, ки ҳоло пайдо нашудааст, ковиш анҷом диҳем."

Суол: Ин ҷустуҷӯҳоро донишгоҳи шумо аз чӣ соле оғоз кардааст?

Доктор Маккӣ: "Мо нахустин сафари илмии худро дар соли 2009 ба Тоҷикистон анҷом додем. Вале ҳамкорони мо дар Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Олмон бо номи DRE дар ҷануби Тоҷикистон ҳудудан 15 сол собиқаи кори бостоншиносӣ доранд."

Суол: Ҷаноби Маккӣ, оё натоиҷи таҳқиқоте, ки ба даст меояд, бо ҷониби Тоҷикистон ҳам табодул мешавад ва бо донишмандони тоҷик низ ҳамкорӣ вуҷуд дорад?

Доктор Маккӣ: "Бале, тибқи қонун ва тибқи қарордодҳо дар заминаи бостоншиносӣ тамоми иттилооти бостоншиносӣ ва тамоми чизҳое, ки пайдо мешавад, дар Тоҷикистон мемонад. Чизе аз Тоҷикистон хориҷ намешавад. Ин чизҳо зери назари музей ва зери назари профессор Масов аст. Иттилоот ё додаҳои илмие, ки падид меояд, ба сурати муштарак дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ мунташир мешаванд."

Суол: Муҳимтарин натиҷаҳое, ки дар ҷараёни ин таҳқиқот ба даст омадааст, чӣ аст?

Доктор Маккӣ: "Дар замонҳои қабл аз таърих дар Тоҷикистон зиндагии шаҳрӣ ба чӣ сурат будааст? Оё сукунат вуҷуд доштааст ё хайр? Дар чанд марҳилаи таърихӣ аз даврони қабл аз биринҷӣ ин масоил дар Тоҷикистон кашф нашудааст. Шаҳракҳои он замон аслан пайдо нашуда буд. Вале гӯрҳои онҳо, қабристонҳои онҳо буд. Мо ҳоло ин шаҳракҳоро пайдо кардем. Дар замони асри оҳан, ки дар ҳақиқат аз нигоҳи таърих оғози давлатдории Ҳахоманишиён аст, дар он замон ҳам шаҳракҳо пайдо нашуда буд ва далеле барояш набуд. Ба ҳамин сабаб ҳоло дар ҳамин самт кор мекунем. Вале дар канори он хеле шаҳракҳои нави таърихӣ пайдо кардем, ки ба асри миёна тааллуқ дорад. Ин шаҳракҳо аз замони охири сулолаи Ҳахоманишиён то замони Сомониёнро дар бар мегирад."
Дар заминаи ҳамкории илмӣ ҳар ду тараф бояд ҳамкорӣ кунанд. Яъне, як тараф танҳо сармоягузорӣ намекунад...


Суол: Чӣ манотиқе аз лиҳози бостоншиносӣ дар Тоҷикистон ҷалби таваҷҷуҳ мекунад?

Доктор Маккӣ: Ҳоло бештари таваҷҷӯҳи мо ба ҷануби Тоҷикистон дар кӯҳпояҳо аст. Мо дар Тоҷикистон ду навъ сукунати таърихиро мушоҳида мекунем. Яке дар манотиқи кӯҳистонӣ, ки аксари сатҳи Тоҷикистон кӯҳистонист ва дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ё бештар аз он будааст. Дигаре дар кӯҳпояҳо, ки бубинем дар ин маҳаллот мардум чӣ тавр зиндагӣ мекарданд. Баҳси таърихии мо аз 140 ҳазор соли пеш шурӯъ мешавад ва то ба имрӯзро дар бар мегирад."

Суол: Барномаҳои ҳамкориии илмиатон дар оянда бо Тоҷикистон чӣ аст?

Доктор Маккӣ: "Дар заминаи тарбияи донишмандони ҷавон бояд кор кунем ва саъй кунем, ки донишҷӯёни тоҷик барои омӯзиш ин ҷо оянд ва донишҷӯёни мо ҳам ба Тоҷикистон раванд ва дар риштаи таърих ҳамкорӣ кунанд, то кори динишгоҳӣ ба ин тартиб рушд бигирад."

Суол: Сармоягузории ин барномаро донишгоҳи шумо бар ӯҳда хоҳад дошт ё ҷониби Тоҷикистон ҳам дар он ҳамроҳ хоҳад буд?

Доктор Маккӣ: "Дар заминаи ҳамкории илмӣ ҳар ду тараф бояд ҳамкорӣ кунанд. Яъне, як тараф танҳо сармоягузорӣ намекунад. Дар сӯҳбатҳое, ки анҷом гирифтааст, бояд ҳар ду тараф бо назардошти тавоноии худ барои таҳқиқот дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG